Тоҷикистон сохторҳои қудратиро мустақилона бо сарулибос таъмин карданист

Дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки масъулини ақибгоҳии сохторҳои қудратӣ, роҳбарону намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар масъулини дахлдори вазорату идораҳои давлатӣ ҷамъомад доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, қабл аз оғози ҷамъомади мазкур дар дохили бинои агентӣ, барои иштирокчиёни он намоишгоҳи сару либоси низомӣ, пойафзолу дигар амволи […]

ASIA-Plus



Дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки масъулини ақибгоҳии сохторҳои қудратӣ, роҳбарону намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар масъулини дахлдори вазорату идораҳои давлатӣ ҷамъомад доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, қабл аз оғози ҷамъомади мазкур дар дохили бинои агентӣ, барои иштирокчиёни он намоишгоҳи сару либоси низомӣ, пойафзолу дигар амволи шайъӣ, маҳсулоти полезиву донагӣ ва маводи хурокворӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегарданд, ташкил карда шуд.

Дар ҷамъомади вобаста ба таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ бо молу маҳсулот роҳҳои коркарду самаранок истифода намудани замини кишти хоҷагиҳои ёрирасон, тақвият бахшидани чорводорӣ, парвариши паранда, моҳипарварӣ ва рушди минбаъдаи корхонаҳои истеҳсолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, зимни пешниҳоди масъулини ақибгоҳии қисмҳои низомӣ ва роҳбарону намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ таъкид гардид, ки ба коркарди сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ равона гардад, то талаботи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз ҳар ҷиҳат қонеъ шавад.

Қобили зикр аст, ки қисми зиёди талаботи сохторҳои қудратии мамлакат бо маводи хӯрока, пояфзолу амволи шайъӣ ва сару либоси низомӣ, асосан аз ҳисоби агентӣ таъмин гардида, илова бар ин, соли сипаригашта дар тобеияти он Баталиони кишоварзӣ таъсис ёфт ва ба он сарбозон тибқи даъват шомил шуда, дар хоҷагиҳои ёрирасони агентӣ кору фаъолият менамоянд.

Дар ин замина масъулини Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азм доранд, ки ояндаи наздик баҳри таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ як қатор навовариҳоро дар самти истеҳсоли маҳсулоти гуногуни ватанӣ, дар фаъолияти худ роҳандозӣ намоянд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.