Се сокини вилояти Суғд, аз ҷумла як ноболиғ ба даст доштан дар тахриби терминалҳо гумонбар дониста мешаванд.
Аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки се тан аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Ф.Б.-и 19-сола, Т.Р. – и 18-сола ва толибилми синфи 11 Х.Д. ба тахриби теминалҳо дар қаламрави шаҳри Хуҷанду ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов машғул будаанд.
«Муайян карда шудааст, ки онҳо 11 адад терминали интиқоли маблағ барои алоқаи мобилиро шикаста, 8 ҳазору 74- сомонӣ пули нақдро азхуд кардаанд ва дар ҳамин ҳол, ҳаҷми зиёни расида аз амали онҳо 10 ҳазору 320 сомониро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар Раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати ин афроди гумонбаршуда мутобиқи моддаи 244, қисми 2 –и КҶ ҶТ (Дуздӣ) парванлдаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.


