Раиси Маҷлиси миллӣ аъзои парлумони Аврупо ва ИДМ-ро ба ҳузур пазируфт

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев президенти ҳайати парлумонии Фаронса дар Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА Тйери Марианиро, ки ба сифати нозири байнулмилалӣ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои […]

Аваз Юлдошев



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев президенти ҳайати парлумонии Фаронса дар Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА Тйери Марианиро, ки ба сифати нозири байнулмилалӣ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо намояндаи Парлумони Аврупо Норберт Нойзер ва намояндаи парлумони Беларус Андрей Наумович низ атрофи масоили густариш ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи парлумонӣ табодули назари судманд сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.