БМТ риояи тартиби истифодаи асъори хориҷиро назорат мекунад

Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо якчанд идораю корхонаҳо иҷозатномаи анҷоми муомилоти хариду фурӯш бо асъори хориҷиро дошта, хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Дар посух ба саволҳои хабарнигори нашрияи «Ҷумҳурият» аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита изҳор доштаанд, ки асъори хориҷиро метавон зимни муомилот дар нуқтаи хизматрасонии консулӣ дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо якчанд идораю корхонаҳо иҷозатномаи анҷоми муомилоти хариду фурӯш бо асъори хориҷиро дошта, хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд.

Дар посух ба саволҳои хабарнигори нашрияи «Ҷумҳурият» аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита изҳор доштаанд, ки асъори хориҷиро метавон зимни муомилот дар нуқтаи хизматрасонии консулӣ дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ истифода бурд.

«Дигар ягон муассисаи тиҷоратӣ ё савдои яклухту чакана барои фурӯши мол, кору хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозатнома надорад», – посух додаанд дар бонк.

Гуфта мешавад, «мутаассифона, имрӯзҳо баъзан бо асъори хориҷӣ муқаррар кардан, гуфтан, таблиғ кардани нархи молу мавод, хизматрасонӣ ва ҳамчун воситаи пардохт пешниҳод кардани асъори хориҷӣ аз ҷониби иштирокчиёни хариду фурӯши амвол ва хизматрасонӣ ҷой дорад, ки ин амал бар хилофи қонун аст ва муҷозоти сангин дорад».

«Аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя накардани ин талабот ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноӣ ҳисобида шуда, тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», – шарҳ медиҳанд дар БМТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.