Омодагирии Тоҷикистон ба ҳамлаҳои террористон аз Афғонистон

Шаби гузашта ҳамаи қисмҳои низомии Вазорати мудофиа дар гарнизони Хатлон ва сарбозону афсарони эҳтиётӣ аз 25 ноҳияи ҷануби кишвар тибқи бонги хатар (тревога) даъват шуданд. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қаламрави вилояти Хатлон тамринҳои комплексии ҳайати фармондеҳӣ ва ситод оғоз гардиданд, ки дар […]

ASIA-Plus



Шаби гузашта ҳамаи қисмҳои низомии Вазорати мудофиа дар гарнизони Хатлон ва сарбозону афсарони эҳтиётӣ аз 25 ноҳияи ҷануби кишвар тибқи бонги хатар (тревога) даъват шуданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қаламрави вилояти Хатлон тамринҳои комплексии ҳайати фармондеҳӣ ва ситод оғоз гардиданд, ки дар он беш аз 30 ҳазор сарбозону афсарони артиши миллӣ ва эҳтиётӣ аз тамоми шаҳру навоҳии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, тамринҳо таҳти фармондеҳии вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-лейтенант Шералӣ Мирз то 14 март идома ёфта, ба он зиёда аз 100 адад техникаи зиреҳпӯш, авиатсия ва техникаи автомобилии муассисаҳои зиёди давлатии вилоят сафарбар шудаанд.

«Дар машқҳои низомӣ омӯзиш ва иҷрои амалиёти марбут ба ташкили мудофиаи қаламрав, сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётӣ анҷом дода шуда, тибқи фарзия, гурӯҳҳои мусаллаҳи террористии байнулмилалӣ марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро убур мекунанд ва дар тамринҳо ҳолатҳои муҳосира ва аз байн бурдани ин гурӯҳҳои ба қаламрави кишвар воридшуда ба иҷро мерасад», – иброз дошт ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.