М.Убайдуллоев бори навбатӣ номзад ба аъзогии Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуд



Раиси даъвати гузаштаи палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони пойтахт бори навбатӣ номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Дар сохтори ҳукумат Маҳмадсаид Убайдуллоев ба сифати раиси палатаи болоии парлумон пас аз президент шахси дуюм дар давлат маҳсуб меёбад. Давоми ҳамаи чор даъват ӯ ба ҳайси раиси палатаи болоии парлумон фаъолият дошт.

Коршиносони масоили сиёсӣ комилан мутмаинанд, ки пас аз интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ба санаи 27 март таъин шудааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мансаби раиси палатаи болоии парлумон боқӣ мемонад.

spot_imgspot_img

Популярное