БМТ ба фурӯши мустақими асъор ба аҳолӣ хотима мебахшад

Бинобар сабаби бетартибиҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 13 март ба фурӯши мустақими асъор ба аҳолӣ хотима мебахшад. Акнун ворид кардани асъори иловагӣ ба бозор тариқи бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад. Муовини аввали раиси БМТ Ҷамшед Юсуфиён имрӯз ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом баҳри бештар дастрас будани […]

Пайрав Чоршанбиев



Бинобар сабаби бетартибиҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 13 март ба фурӯши мустақими асъор ба аҳолӣ хотима мебахшад. Акнун ворид кардани асъори иловагӣ ба бозор тариқи бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.

Муовини аввали раиси БМТ Ҷамшед Юсуфиён имрӯз ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом баҳри бештар дастрас будани асъор амалӣ гардида, барои пешгирии ҳаннотӣ аз ҷониби бонкҳои тичоратӣ, рӯзи панҷшанбе бо намояндагони ин бонкҳо вохӯрӣ гузаронида шудааст. «Мо бо онҳо созишномаҳои дахлдор ба имзо расонидем ва дар сурати риоя нашудани бандҳои он, нисбати онҳо чораҳои қатъӣ то бозхонд кардани иҷозатнома пеш гирифта хоҳанд шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, БМТ мониторинги ҷараёни амалишавии иқдоми мазкурро таҳти пайгирӣ қарор дода, вобаста ба вазъи мавҷуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Юсуфиён зикр кард, ки БМТ ҳамарӯза ба бозори нақд аз 1,5 то 3 млн. доллари ИМА маблағ ворид мекунад. «Ҳаҷм ва дахолат аз талаботи бозор вобаста аст, ки ҳар рӯз се маротиба таҳлил мешавад», – гуфт ӯ.

Номбурда қайд кард, ки БМТ қурби асъори миллиро ба шинои озодона раҳо карданӣ нест. «Мо қурбро нигоҳ намедорем, вале назорат хоҳем кард, то ки калавишҳои босуръат ба вуҷуд наоянд», – қайд кард ӯ.

Ба вуҷуд омадани вазъи мавҷуда дар бозори асъори кишварро Ҷамшед Юсуфиён ба мушкил шудани вазъ дар минтақа бар асари аз ҷониби кишварҳои Ғарб ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия нисбат дод, ки шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Юсуфиён аз журналистон дархост намуд, ки ба корҳои шарҳу тавзеҳи ин иқдом миёни аҳолӣ мусоидат намоянд. «Давоми ду ҳафтаи ахир ба фишори қурб ҳамзамон фишори равонӣ (таҳлукаи мардум) низ илова шуд, ки ба хараҷу мараҷи беасос дар бозори асъор боис гардид», – зикр кард ӯ.

Бино ба маълумоти БМТ, аз оғози сол қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА аз рӯйи қурби расмӣ – 4,1% ва қурби бозор – беш аз 10% поин рафт.

Имрӯз, 13 март қурби фурӯши доллари ИМА дар Душанбе, ки аз ҷониби БМТ муқаррар шудааст, 6,30 сомонӣ (барои 1 $)-ро ташкил медиҳад, але воқеъан бошад, асъори амрикоиро бо арзиши на камтар аз 6,60 сомонӣ метавон дастрас намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.