Ҳабси тоҷири дастгоҳи иҷроияи президентро фиребдода

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо директори ҶДММ «Фатҳ-2010» ва ҶДММ «Строй Гигант»-и пойтахт Зайниддин Раззоқовро ба ҳабс гирифт. Зайниддин Раззоқов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддахои 262 (Ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани)  маблағҳои пулӣ  ё  молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  […]

ASIA-Plus



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо директори ҶДММ «Фатҳ-2010» ва ҶДММ «Строй Гигант»-и пойтахт Зайниддин Раззоқовро ба ҳабс гирифт.

Зайниддин Раззоқов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддахои 262 (Ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани)  маблағҳои пулӣ  ё  молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда), 292 (Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ) ва 295 (Суистифода аз ваколат)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, ба сифати директори ҶДММ «Фатҳ-2010» ва бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ З.Раззоқов моҳи сентябри соли 2013 тибқи санади тендер ва шартнома бо дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, барои харидории 1563 адад компютер ва 163 адад принтер аз БДА «Амонатбонк» 4 млн. 447,6 млн. сомонӣ маблағ гирифта, аз ин миқдор маблағ 360 ҳазор сомониро, ки бояд ба сифати андоз пардохт мешуданд, ба манфиати худ сарф мекунад ва оид ба ин амалиёт ба фармоишгар (Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашудаи қалбакиро пешниҳод намудааст.

«Сипас ӯ аз ҳисоби ин маблағҳо дидаю дониста моҳи марти соли 2014 аз бозори фурӯши воситаҳои нақлиёти шаҳри Душанбе, ба маблағи 196 ҳазор сомонӣ (40 ҳазор $) автомашинаи тамғаи «Каделак-Эскалид» (внедорожник)-ро харидорӣ карда, бо ин роҳ маблағҳои пулии бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба расмият даровардааст», – омадааст дар хабари Агентии зиддфасод.

Гуфта мешавад, зимни санҷиши фаъолияти ҶДММ «Фатҳ-2010» ва ҶДММ «Строй Гигант» далелҳои саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи умумии 2 млн. 74,6 ҳазор сомонӣ ошкор карда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.