Швейтсария низоми обтаъминкунии 140 ҳазор тоҷикистониёнро беҳтар мекунад

Ҳукумати Швейтсария амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба обтаъминкунии як қатор шаҳрҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон ва маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғро маблаггузорӣ мекунад. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон, марҳилаи-2» рӯзи 12 март дар Душанбе ба имзо расид. Гуфта […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Швейтсария амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба обтаъминкунии як қатор шаҳрҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон ва маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғро маблаггузорӣ мекунад.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон, марҳилаи-2» рӯзи 12 март дар Душанбе ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани низоми обтаъминкунии 140 ҳазор нафар аҳолии шаҳрҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон ва шаҳри Хоруғ аст. Дар доираи амалисозии лоиҳа насби пайвасткунандаҳои иловагӣ, ҳисобкунакҳои хароҷоти об, дастрас кардани таҷҳизоти амалиёт ва таъмир, сохтмони махзан (резервуар)-ҳо барои захираи об, беҳбуди низоми ҷамъоварӣ ва поккории об ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки маблағи умумии лоиҳа беш аз 18 млн. доллари ИМА арзёбӣ шуда, 9 млн. доллари он ба сифати бурс аз ҷониби ҳукумати Швейтсария ҷудо карда мешавад. Саҳми Бонки аврупоии таҷиду рушд дар лоиҳаи мазкур зиёда аз 9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, муҳлати амалисозии лоиҳа то соли 2018 муқаррар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.