Озмуни шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаҳо

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаҳо дар дастгоҳи раиси пойтахт ва шуъбаву раёсатҳо озмун эълон кард. Қабл аз ҳама, ба раиси пойтахт ёвар талаб карда мешавад. Бино ба маълуомти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар дастгоҳи раиси пойтахт ба мутахассисон ҷиҳати ишғоли вазифаҳои сардорони шуъбаҳои умумӣ ва протокол, муҳосибот ва хоҷагидорӣ, нақлиёт, истифодабарии роҳҳо ва […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаҳо дар дастгоҳи раиси пойтахт ва шуъбаву раёсатҳо

озмун эълон кард.

Қабл аз ҳама, ба раиси пойтахт ёвар талаб карда мешавад.

Бино ба маълуомти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар дастгоҳи раиси пойтахт ба мутахассисон ҷиҳати ишғоли вазифаҳои сардорони шуъбаҳои умумӣ ва протокол, муҳосибот ва хоҷагидорӣ, нақлиёт, истифодабарии роҳҳо ва коммуникатсия, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассисони шуъбаи кадрҳо, иқтисод, молия ва оянданигарӣ, нақлиёт, истифодабарии роҳҳо ва коммуникатсия, шуъбаи коммуналӣ-муҳандисӣ, шуъбаи таҳлил ва иттилоот, сармутахассисони шуъбаҳои тадорукот ва сохтмон ниёз доранд.

Ба иттилои манбаъ, ба ишғоли вазифаҳои роҳбарони шуъбаҳои умури дин ва танзими ҷашну маросимҳои миллӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунуин сармутахассисони шуъбаи ҳуқуқ, раёсати кор бо занон ва оила низ озмун эълон шудааст.

Гуфта мешавад, озмун то 16 апрел идома ёфта, на дертар аз 23 апрел натиҷаҳои он ҷамъбаст карда мешаванд. Довталабон бояд дорои маълумоти олии таҳсилоти рӯзона бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.