Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

Сайфиддин Қараев, asia+

Дар се моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна шакар (қанд) ворид шудааст. Ҳар як килограми он ба ҳисоби миёна тақрибан 0,91 доллар буда, маблағи умумии ин маҳсулот 22,2 млн долларро ташкил додаааст.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, воридоти шакар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас кам шудааст. Дар ифодаи пулӣ, ҳудуди 6,6 млн доллар ё тақрибан 23% қоҳиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, қисмати зиёди воридот ба Русия рост меояд: наздики 6,6 ҳазор тонна шакар ба маблағи ҳудуди 6 млн доллар. Ҳамин тариқ, ҳиссаи Русия дар сохтори воридот ҳам аз рӯйи ҳаҷм ва ҳам нарх ҳудуди 27%-ро ташкил додааст.

Акси марбута аз youtube.com

Ба ғайр аз Русия, шакар ҳамчунин аз дигар кишварҳо ҳам ба Тоҷикистон ворид мешавад, вале ҳаҷмашон кам аст.

Ба сурати умум, Тоҷикистон қариб пурра ба воридоти шакр аз хориҷа вобаста аст. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 191 млн доллар зиёда аз 117,4 ҳазор тонна шакар ворид шуд. Таҳвилгарони асосии ин маҳсулот Русия, Беларус ва Ҳиндустон мебошанд: Русия ҳудуди 52 ҳазор тонна, Беларус 28,2 ҳазор тонна ва Ҳиндустон -16,9 ҳазор тонна. Ҳамчунин, аз Покистон (9,5 ҳазор тонна) ва Қазоқистон (5,7 ҳазор тонна) миқдори назарраси шакар оварда шудааст.

Аз кишварҳои Озарбоҷон, Эрону Ӯзбекистон, инчунин дигар давлатҳо, аз ҷумла Литва, Латвия, Туркия, Чин, Лаҳистон (Полша) ва Қирғизистон низ миқдори камтари шакар ворид карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бодя гуфт, ки моҳи апрел нархи шакар дар бозорҳои кишвар каме баланд шуд. Масалан, агар аввали моҳи март 1 кг шакар 9-11 сомонӣ нарх дошт, пас ҳоло он ба 12-14 сомонӣ расидааст. Нархи фурӯши яклухти он низ гарон шудааст: арзиши халтаи 50-килограммаи он аз 380-400 сомонӣ то ба беш аз 500 сомонӣ боло рафтааст.

Бештар дар ин бора дар маводи мо хонед: Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.