Тибқи ахбороти ахири бадастовардаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар натиҷаи
сӯхтори бозори “Адмирал”
дар шаҳри Қазон чор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
Тавре намояндаи расмии сафоарти ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, инҳо – Риёев Эмомали Раҳматуллоевич с.т. 1984 аз н. Рӯдакӣ, Тӯраев Қосимҷон Азамхӯҷаевич с.т. 1971 аз ш. Душанбе, Ҳикматуллои Ҳаётуллохон с.т. 1992 аз н. Рӯдакӣ ва Давронов Алишер Азимович с.т 1996 аз ш. Душанбе мебошанд.
Гузашта аз ин, ахбор оид ба халок гардидани боз иловатан ду шаҳрванди Тоҷикистон тасдиқи худро наёфтааст. Дар маҷмӯъ чор нафар ҳалок ва 6 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Айни замон шаҳрвандон Сатторов Абдусалом Абдуҷабборович, с.т 23.04.1971, Миров Абдуназар Абдусатович, с.т 08.12.1987 ва Наботов Саидхӯҷа Раҳматулоевич, с.т 1996 дар бемористон қарор доранд.
Шахрвандон Мавлонова Хайриниссо Нурзабаевна, с.т 24.07.1967, Қандилов Тоҷиддин Шерович, с.т 30.03.1984, Обидов Кароматулло Хайтуллоевич, с.т 25.04.1984 пас аз муолиҷа аз бемористони ш. Қазон сиҳат ва рухсатӣ шудаанд.
Ҳамаи ҷабрдидагон ва фавтидагон дар бозори “Адмирал” ба ҳайси фурӯшанда ва дӯкондор кор мекарданд. Ҳукумати Тотористон тасмим гирифтааст, ки ба хонаводаи қурбониёни сӯхтор 1 миллион рубли русӣ кумак карда, харҷи интиқоли ҷасади онҳоро ба ватанашон ба уҳда мегирад. Ба шахсоне, ки осеби ҷиддӣ надидаанд, вобаста ба зиёнашон аз 200 то 400 ҳазор рубли русӣ ҷубронпулӣ дода мешавад.
Бо мақсади расонидани кӯмак ба шаҳрвандони зарардида ва хешовандони онҳое, ки
ба фалокат расидаанд, корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи
иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Қазон Таваров Шоҳназар ва роҳбари ҷамъияти
тоҷикони минтақа Гадоев Ҳикматулло дар ҷои воқеъа қарор доранд. Сафорат ва Консулгарии генералӣ дар Уфа ҳамчунин бо ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Россия дар ш. Қазон ва дигар мақомоти марбутаи ин қазия доимо дар тамос аст.



