Прокуророни Тоҷикистон ба мардум наздиктар мешаванд

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов ба ҳамаи прокуророни вилоят ва шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин прокуророн дар бахши нақлиёт ва прокуророни ҳарбӣ дастур ирсол намуд, ки ҳар рӯзи шанбеи ҳафта аз соати 8 то 12-и рӯз шахсан қабули шаҳрвандонро роҳандозӣ намуда, ба арзу шикояти аҳолӣ расидагӣ кунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҶТ хабар […]

Аваз Юлдошев



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов ба ҳамаи прокуророни вилоят ва шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин прокуророн дар бахши нақлиёт ва прокуророни ҳарбӣ дастур ирсол намуд, ки ҳар рӯзи шанбеи ҳафта аз соати 8 то 12-и рӯз шахсан қабули шаҳрвандонро роҳандозӣ намуда, ба арзу шикояти аҳолӣ расидагӣ кунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҶТ хабар дод, ин дастури прокурори генералӣ дар робита ба талаботи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амняти кишвар рӯзи 17 феврал садо дод, рӯйи кор омад. «Худи прокурори генералӣ ва муовинони ӯ ҳар рӯзи шанбеи ҳафта давоми вақти дар боло зикршуда шаҳрвандонро қабул мекунанд», – гуфт манбаъ.

Таъкид гардид, ки Прокуратураи генералӣ аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки зимни муроҷиат ба раҳбарияти мақомоти прокуратура қоидаву тартиботи муроҷиат ба мақомоти расмии давлатиро риоя намоянд.

«Агар арзу шикояти шаҳрвандон дар сатҳи прокуророни шаҳру навоҳӣ роҳи ҳалли худро пайдо накунад, онҳо метавонанд бевосита ба прокуророни сатҳи болоӣ муроҷиат кунанд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.