Дар рейтинги нави ФИФА Тоҷикистон 4 зина поин фаромад

Дар торнамои расмии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) феҳристи раддабандии мунтахабҳои миллии кишварҳои дунё барои моҳи март нашр шуд. Бино ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), мувофиқи ин феҳрист мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки аз моҳи сентябри соли гузашта то имрӯз ягон бозӣ нагузаронидааст, чор мавқеъро аз даст дода, ба зинаи 141-ум фаромад. Гуфта […]

ASIA-Plus



Дар торнамои расмии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) феҳристи раддабандии мунтахабҳои миллии кишварҳои дунё барои моҳи март нашр шуд.

Бино ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), мувофиқи ин феҳрист мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки аз моҳи сентябри соли гузашта то имрӯз ягон бозӣ нагузаронидааст, чор мавқеъро аз даст дода, ба зинаи 141-ум фаромад.

Гуфта мешавад, акнунмунтахаби футболи Тоҷикистон 192 имтиёз дошта, дар байни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё, дар зинаи 20-ум қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар раддабанди апрелии ФИФА, ки пеш аз қуръакашии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 ва Ҷоми Осиё-2019 интишор мешавад, тағйиротҳои чашмрас ба амал омаданаш имкон дорад. Дар сурати ғолиб шудан дар бозиҳои дӯстона бар Молдив (26 март, дар Малӣ) ва бар Сирия (31-уми март, дар Душанбе), мунтахаби Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии ҷаҳонӣ ба таври назаррас беҳтар  месозад. Дар суръати акс дастаи мо ҳангоми «шинонидани» дастаҳо дар қуръакашии ҶҶ-2018 ва Ҷоми Осиё-2019 ба сабади чорум меафтад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Қобили зикр аст, ки рейтинги мазкур дар маҷмӯъ 209 дастаи мунтахаби футболи кишварҳои дунёро фаро мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.