Дастури раиси пойтахт ҷиҳати пешгирии омилҳои ифротгароёна миёни занон



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни занону ҷавондухтаронро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, тибқи нақша чорабиниҳои мазкур аз моҳи апрел то моҳи декабри соли равон дар дар тамоми микрорайонҳову маҳаллаҳои пойтахт доир мегарданд.

Гуфта мешавад, дар баргузории ин чорабиниҳо кормандони милиса, Кумитаи давлатии амнияи миллӣ, Раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, фаълони ташкилоту ҳаракатҳои ҷамъиятии занон, намояндагони аҳли ҷомеа, рӯзноманигорон ва ходимони дин ҷалб карда мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное