Баррасии масъалаи пешгирии коррупсия дар ҷаласаи мушовараи ВКД

Ахири ҳафтаи сипаришуда маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ғайринавбатии Мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни суханронӣ дар ҷаласа вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зарурат ва муҳимияти проблемаҳои коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро масъалаи афзалиятнок ва ҳалталаби рӯз дониста, ҷиҳати амалӣ намудани […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ғайринавбатии Мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни суханронӣ дар ҷаласа вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зарурат ва муҳимияти проблемаҳои коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро масъалаи афзалиятнок ва ҳалталаби рӯз дониста, ҷиҳати амалӣ намудани як қатор чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин зикр гардид, ки масъалаи риояи интизоми хизматӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ, яке аз омилҳои пешрафти фаъолияти хизматӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои профилактикӣ-пешгирикунанда пурзӯр карда шаванд.

Дар идомаи ҷаласаи Мушовара сардори Раёсати амнияти дохилӣ генерал-майори милитсия Орифзода Н.М., сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Раҳимзода А.А. ва сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил полковники милитсия Азизуллозода С.А. баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматии ниҳодҳои зертобеъашон ҳисобот доданд.

Вазири корҳои дохилӣ доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионӣ дошта, тамаъҷӯӣ, порагирӣ, қалбакӣ сохтани ҳуҷҷатҳо, ҷиноятҳои зеҳнӣ, иттилоотӣ, муомилоти ғайриқонунии сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо, хариду фурӯши ғайриқонуни замин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, аз масъулин қатъӣ талаб намуд, ки корро дар ин самтҳо ҷоннок намоянд.

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои вазъи интизоми хизматӣ, риояи қонуният ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионӣ дошта ба таври объективӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасогиҳое, ки дар фаъолияти мақомот ҷой доштанд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?