Ниммарафони навбатии байнулмилалӣ дар Душанбе

Ниммарафони VI байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон санаи 18 апрел доир мегардад. Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бояд то санаи 30 март шумори иштирокчиён ва тартиби гузаронидани ин чорабинии варзишӣ ва Раёсати сармоягузорӣ ва амволи […]

Аваз Юлдошев



Ниммарафони VI байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон санаи 18 апрел доир мегардад.

Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бояд то санаи 30 март шумори иштирокчиён ва тартиби гузаронидани ин чорабинии варзишӣ ва Раёсати сармоягузорӣ ва амволи мақомоти шаҳрдории пойтахт сарпарастони ниммарафонро муайян намоянд.

Қобили зикр аст, ки нимарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардида, мақоми арзандаро касб кардааст. Дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик, намояндагони кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар давлатҳо ширкат меварзанд.

Барои ғолибони ниммарафон ҳам миёни занон ва ҳам дар байни мардон, ки ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғол карда буданд, солҳои қаблӣ дар ҳаҷми аз 1800 $ (барои ҷойи 6-ум) то 3500 доллари ИМА (барои ҷойи 1-ум) мукофотпулиҳо тақдим гардида буд.

Ниммарафони нахустини байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки вразишгарони аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.