«Истиқлол» имсол ҳам ба Ҷоми ФФТ соҳиб шуд

Рӯзи 15 март дар шаҳри Душанбе бозиҳои ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуданд. Бино ба иттилои ФФТ, дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқи дастаи КМВА «Помир» бар дасти «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Гуфта мешавад, чун як сол қабл дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хайр»-и […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 15 март дар шаҳри Душанбе

бозиҳои ниҳоӣ

барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуданд.

Бино ба иттилои ФФТ, дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқи дастаи КМВА «Помир» бар дасти «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.

Гуфта мешавад, чун як сол қабл дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат қувваозмоӣ намуда, футболозони пойтахт бо ҳисоби калони 5 бар 1 пирӯз шуданд ва соли дуюм пайдарпай ба Ҷоми ФФТ соҳиб шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маросими тантанавӣ медалу ҷоиза ва мукофотпулиҳоро ба футболбозон менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов, директори Академияи «Истиқлол», узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Аҳтам Абдуллозода тақдим карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.