Дар озмуни байнулмилалӣ бо ҷоизаи 1 млн. $ омӯзгори афғон беҳтарин дониста шуд

Омӯзгор Азизуллоҳ Роэш (Azizullah Royesh), ки дар шаҳри Кобул барои паноҳандагон мактаб ( Marefat School ) таъсис дод, дар озмуни байнулмилалии ҳунари касбӣ бо ҷоизаи 1 млн. доллари ИМА ғолиб дониста шуд. Ҳамроҳи ӯ боз 9 нафар омӯзгорон аз саросари ҷаҳон ба ин ҷоиза сазовор дониста шуданд. Озмуни байнулмилалии Global Teacher Prize имсол бо мақсади […]

ASIA-Plus



Омӯзгор Азизуллоҳ Роэш (Azizullah Royesh), ки дар шаҳри Кобул барои паноҳандагон мактаб (


Marefat School


) таъсис дод, дар озмуни байнулмилалии ҳунари касбӣ бо


ҷоизаи


1 млн. доллари ИМА ғолиб дониста шуд. Ҳамроҳи ӯ боз 9 нафар омӯзгорон аз саросари ҷаҳон ба ин ҷоиза сазовор дониста шуданд.

Озмуни байнулмилалии Global Teacher Prize имсол бо мақсади баланд бардоштани касби омӯзгорӣ ва мақоми иҷтимоии он доир гардида, дар озмун муаллимони саросари дунё аз 127 кишвар – аз ИМА то Кения ва Афғонистон ширкат варзиданд.

Соли 2014 дар Marefat School 4 ҳазор толибилмон таҳсил мекарданд, ки 44%-и онҳоро ҷавондухтарон ташкил медоданд. Ҳамин сол аз 450 нафар хатмкардаи ин мактаб 148 нафарашон ба таҳсилу пажуҳиш дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ идома доданд. Мактаби мазкур ҳамасола ба беш аз 400 нафар толибилмони худ кумакҳои молиявӣ пешниҳод мекунад.

Созмондиҳанда ва сарпарасти озмуни Global Teacher Prize бунёди Varkey Foundation, як воҳиди гурӯҳи байнулмилалии маърифатии GEMS-и Дубай мебошад. Ба даври ниҳоии озмун ҳамчунин се омӯзгор аз ИМА ва як нафар аз Гаити, як нафар аз Кения ва чор нафар муаллимон аз кишварҳои Осиё – Афғонистон, Ҳиндустон, Камбоҷа ва Тимори Шарқӣ низ роҳ ёфта буданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.