Ҳавлу ҳоли зиёиёни музофот, шароити зист, фаъолияту эҷод, дастрасии онҳо ба манобеи илму иттилоъ ва таъминоти иҷтимоияшон чӣ гуна аст? Аҳли зиёе, ки дур аз пойтахт ва шаҳрҳои калон мезиянд, маоши нокофӣ, адами дастгирии мақомоти давлатӣ, набудани шароити мувофиқ барои анҷоми таҳқиқотро аз мушкилоти аслии кору рӯзгори худ унвон мекунанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки рӯйхати проблемаю камбудиҳои рӯзгори зиёиён дар вилояти Хатлон бо ҳамин тамом намешавад.
Зиёӣ кист?
Ҳар вақте зиёӣ мегӯем, беихтиёр симои олиму омӯзгор, табибу ҳунарманд пеши назар меояд. Зиёӣ шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст. Нуру рӯшноии ҷомеа ва намунаи ибрати дигарон маҳсуб мешавад. Дар тасаввури мо зиёӣ нафарест, ки ҳамеша фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон, дифоъ аз манфиатҳои миллӣ, ба камоли маънавӣ расонидани аҳли ҷомеа, тарбияи шоистаи насли ҷавон дар зеҳнаш чарх мезанад.
Аммо намояндагони интеллигенсияи тоҷик имрӯз дар чӣ шароите кору эҷод мекунанд ва то куҷо аз имконоти воқеии пешоҳанги ҷомеаи мутамаддин будан бархурдоранд?
Сангалӣ Раҳимов
, хатмкардаи мактаби олии ҳизбии Тошканд ва устоди риштаи иқтисод дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бар ин ақида аст, ки вазъи иқтисодӣ ва даромади молиявии бахусус зиёии музофотӣ беҳбуд мехоҳад. Ба иддаои ӯ, зиёӣ имрӯз наметавонад китобу рӯзномаҳои бисёреро харида, мутолиа кунад ва ба маҷаллаҳои илмии кишварҳои пешрафта дастрасӣ дошта бошад.
«Дар маҷмӯъ, зиёӣ фақат саргардони рӯзгори худ ва беҳ сохтани вазъи иҷтимоии хонаводааш бо роҳҳои берун аз илму эҷод шудааст, – афзуд Раҳимов. – Ҳамчунин як тамоюли дигари манфӣ ҳам ба мушоҳида мерасад, ки имрӯз зиёиён дар гуфтани ҳарфи ҳақ сахт эҳтиёткор шудаанд. Меҳаросанд. Зеро агар бигӯянд, чандин нафар ранҷида, шояд эътироз мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки зиёӣ бояд ҷасур бошад, бебокона масъалагузорӣ кунад, аз мушкилоти ҷомеа ва давлат бигӯяду роҳҳои ҳаллашонро нишон диҳад. Хуллас, агар гӯям, ки имрӯз вазъи будубоши зиёии тоҷик бисёр хуб аст, шояд муболиға шавад».
Аз нигоҳи ин устоди донишгоҳ, зиёиён дар замони ҳукумати шӯравӣ барои анҷом додани корҳои илмию эҷодӣ шароити мусоидтаре доштанд. Он замон зиёӣ садршинини маҳфилҳо маҳсуб меёфт ва қадру манзалаташ дар ҷомеа болотар буд. Зиёда аз ин, олимону омӯзгорон бо маводи илмӣ, адабиёту фанноварии лозимӣ таъмин мешуданд ва аз бархе имтиёзҳои иҷтимоии давлат бархурдор буданд.
– Ҳақмузди моҳонае, ки дорам, агар бо нафақапулиам ҳамроҳ кунем ҳам, барои рӯзгордорӣ ва анҷом додани корҳои илмӣ аслан кифоят намекунад, – идома дод Раҳимов. – Дар баробари таълими шогирдон, ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунам. Дар хонавода 7 нафарем, аммо дар як ҳафта на беш аз 1 кг гӯшт истеъмол менамоем, ки ҳамагӣ 10-15 дарсади талаботи физиологии моро таъмин карда метавонад. Аммо илоҷ чист?
Муаллими деҳа: «Говам доим сер бошад…»
Дар ҳамин ҳол профессор
Ҳасани Муродиён
низ зиндагии зиёиёни музофотро сангин хонд. Ба ақидаи ӯ, зиёии воқеӣ бояд аз ҷиҳати моддӣ дастнигару ниёзманди касе набошад, бештар ба илму кандуков машғул шавад, барномаҳои рушди иқтисоду иҷтимоъро таҳия созад.
– Дар замони шӯравӣ як шахси зиёӣ, чи дар музофот бошад, чи дар марказ, бо сару либос, донишмандӣ, соҳибкитобӣ ва бо шароити хуби моддию маишиаш аз дигарон фарқ мекард, – мегӯяд Муродиён. – Аммо ҳоло чунин нест. Шояд дар пойтахт як каме вазъи зиёиён беҳтар бошад, вале на дар минтақа. Ба сабаби камии маош зиёӣ барои он ки рӯзи фарзандонашро гузаронад, маҷбур мешавад, рафта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор кунад, аз пайи молу гов гардад.
Профессор дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки аксари олимони музофотӣ асарҳо ва натиҷаи корҳои илмиашонро бо пули кисаи худ ба нашр мерасонанд. Бархеҳо барои анҷом додани пажӯҳишҳои илмӣ пул намеёбанд ва таҳқиқоташон нотамом мемонад. «Имрӯз аз ҳисоби фаъолияти илмӣ омӯзгорону пажӯҳишгарон зиндагии аз ҳар лиҳоз таъмину бениёз дошта наметавонанд. Бисёре аз олимонро медонам, ки агар худашон ба илму таълими шогирдон машғул бошанд, дигар аъзои хонаводаашон соҳибкорӣ мекунанд, то рӯзгорро пеш баранд, вагарна бо пули омӯзгорӣ таъмини пурраи оила бисёр мушкил аст», – афзуд профессор.
– Як дӯстам, ки муаллими деҳотист, боре нақл кард, ки «Агар гови ман гурусна бошад, ҳамон рӯз ба мактаб рафта наметавонам», – идома дод Муродиён. – «Маҷбур мешавам, ки аввал барои чорво алафу хӯрокашро таъмин кунам. Чунки рӯзи ману фарзандонамро ҳамон гов пеш мебарад. Шири ҳамон гов муҷиби зиндагии мост ва ба шарофати он кӯдаконам рӯзгори нисбатан хуб доранд». Яъне маблағе, ки хонаводаи он муаллим аз фурӯши шир дармеёбад, аз маоши моҳонаи ӯ бештар будааст. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, барои он омӯзгор сер кардани шиками гов муҳим аст. Акнун худ қазоват кунед, ки зиёии деҳот дар чӣ вазъ зиндагӣ мекунад…
Академик: «Каҷ шину рост гӯй»
Ҳамсуҳбати дигари мо
Абдулҳай Комилӣ
, доктори илмҳои физика-математика, академики Академияи байнулмилалии омӯзгорӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав мегӯяд, ки зиёиён нафақат дар музофот, балки дар шаҳрҳо ҳам ба таври бояд зиндагӣ надоранд. «Албатта, зиёиёни музофотӣ, асосан омӯзгорону табибон, барои такмили ихтисос ва донишҳои худ имконоти нисбатан маҳдудтар доранд. Аксари онҳо компутари дастӣ ва дастрасӣ ба интернет, хуллас, ба ҷаҳони илм баромади мустақим надоранд. Дар фасли сармо, мутаассифона, якчанд моҳ барқи шабонарӯзӣ мавҷуд нест ва омӯзгорон вақти бисёре барои мутолиа ва таҳияи барномаҳои дарсӣ надоранд. Аз ин ҷиҳат, шароити шаҳр барои зиёиён, хусусан, омӯзгорону табибон, андаке беҳтар аст, чун барқ бемаҳдудият интиқол меёбад, рӯзномаю маҷаллаҳо осонтар дастрас мешаванд, духтурон ташхисҳояшонро тавассути дастгоҳҳои тиббии вобастаи барқ мукаммалтар анҷом медиҳанд ва монанди ин бартариятҳо», – гуфт ӯ.
Ба ақидаи академик Комилӣ, агар мо хоҳем, ки фаъолияти илмию эҷодӣ ва ҳаёти иҷтимоии зиёӣ дар деҳот беҳтар шавад, ӯро натанҳо бо ихтисоси қитъаҳои замин барои умури кишоварзӣ, балки бо афзоиши маоши моҳона ва дастгирии иҷтимоию имтиёзҳои маишӣ ҳавасманд созем. Зеро ҷалби омӯзгорону табибони рустоӣ ба деҳқонӣ сабаби як андоза дур шудани онҳо аз рисолати аслии хеш мегардад ва онҳо бо чунин андармонӣ барои бозомӯзию сайқали донишу касбияташон фурсати мувофиқ пайдо нахоҳанд кард.
– Дар мардуми мо мақоле ҳаст, ки «Каҷ шину рост гӯй», яъне метавон рӯйирост гуфт, ки бояд омӯзгорону табибони деҳотӣ бештар ҳавасманд гарданд, то аз «фирори мағзҳо» ҷилавгирӣ шавад, – афзуд Комилӣ. – Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷаҳони Ғарб бо ваъдаи маблағу имтиёзҳо беҳтарин олимонро аз кишварҳои дигар ҷалб мекунанд, барои таҳқиқу корҳои лабораториашон шароит фароҳам меоранд. Ба ҳамин васила онҳо ба ҷалби олимони зиёде, аз ҷумла, аз Тоҷикистон ҳам комёб шуданд ва ин олимони тоҷик имрӯз шарафи илми кишварҳои бегонаро боло мебаранд. Аз ин рӯ, бояд олимону муҳаққиқони мо аз дастгирии бештари давлат баҳравар шаванд, то кашфиёти илмӣ дар кишвари худамон сурат пазирад. Барои ноил шудан ба дастовардҳои бештари илмӣ мо ба таҳкими кори мактабҳои рустоӣ муваффақ шавем. Аммо бисёр аламовар аст, вақте ниёзмандии омӯзгори рустоиро ба қаламу коғаз, ба китобу дастурномаҳои корӣ мебинем. Шояд як сабаби нокофӣ будани дониши аҳли зиё дар музофот ҳамин маҳдудиятҳо бошад…
«Кор-хона, хона-кор» – реҷаи маъмули зиндагии зиёӣ
Дар ҳамин ҳол
Дилором Холмуродова
, пизишки бемориҳои қалб аз шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, шиддати кор ба ҳаддест, ки масалан, ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба кинотеатр ё саёҳати беруназшаҳрӣ рафтанро барои худ наметавонад иҷозат диҳад.
– Кор-хона, хона-кор – ана ҳамин аст реҷаи зиндагии ҳаррӯзаи ман, – мегӯяд ӯ. – Маоши мо ҳарчанд солҳои охир бештар шудааст, лекин ҳанӯз ҳам барои он ки истироҳати фарҳангӣ дошта бошем, кифоят намекунад.
Майсара Маҳмудова
, табиби собиқадори эндокринолог мегӯяд, ки баъзе духтурон барои дарёфти қути лоямут ба хориҷи кишвар ба кор рафтаанд. «Албатта, мо ифтихор мекунем, ки табибони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, ҳатто дар Русия аз обрӯю эътибори хосе бархурдоранд. Аммо баъзан мешунавем, ки масалан, дар Яман ва дигар кишварҳои арабӣ кор кардани духтурони мо бехатар нест. Ҳодисаи ба асорат афтодани зани пизишк Гулрухсор дар Яман далели ин гуфтаҳост. Аслан, зиндагӣ худаш мубориза аст. Кош рӯзе расад, ки мо ба зиндагии шоиста бирасем. Интеллигенсияи қавӣ дошта бошем», – изофа кард ӯ.
Бисёре аз мусоҳибони мо ба беҳшавии вазъи зиёиёни тоҷик дар чанд соли охир таъкид мекунанд, аммо ҳамоно умедворанд, ки барои нашри китобҳои илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, ҳафриёт ва озмоишҳо, таҳияи барномаҳои вижа олимон ба ёрмандии бештари молиявӣ даст хоҳанд ёфт.
Албатта, касбу ҳунар, илму дониш натанҳо муайянкунандаи мақоми шахс дар ҷомеа ва асоси обрӯву қадри одам аст, балки он бояд ҳамчунин рӯзирасони инсон бошад.
Як устоди собиқадори донишгоҳ
, ки дар гузашта корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буд, гуфт, ки ҳоло маоши профессори донишгоҳ беш аз ду ҳазор сомонӣ, номзади илм ҳудуди 1,5 ҳазор сомонӣ ва омӯзгорон аз 600 то 1000 сомонӣ мебошад. «Аммо бинед, ки ҳаққи истифода аз обу барқу хизматрасонии коммуналӣ дар Қӯрғонтеппа бисёр баланд аст. Як нафар дар як моҳ барои истифодаи об қариб 13 сомонӣ, барои партов наздики 7 сомонӣ бояд бипардозад. Дар Душанбе, то ҷое медонем, нархи хизматрасонии обу партовкашонӣ ин қадар баланд нест. Барқу андозаш беҳисоб. Қариб нисфи маош бояд барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ сарф шавад. Анҷоми пажӯҳишҳои илмӣ ҳам чандон кори камхарҷ нест. Масалан, барои як мақоларо дар маҷаллаи илмии донишгоҳҳои Душанбе чоп кардан камаш 100 сомонӣ бояд пардохт. Иштирок дар конфронсҳо, нашри китобҳо, тарҷумаи диссертатсия ва дигар тадбирҳое, ки барои ҳимояи як кори номзадӣ ё докторӣ бояд анҷом шавад, сарфи то 5-6 ҳазор доллари амрикоиро тақозо мекунад. Барои ҳамин зиёӣ ҳам маҷбур аст, ки роҳҳои иловагии даромади молиявиро ҷӯё шавад», – афзуд ҳамсуҳбати мо.
«Зиёӣ ченаки баҳои ҷомеаи беруна ба кишвари мост»
«Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки зиёӣ бавуҷудоранда, рушддиҳанда ва пешбарандаи афкори ҷомеа, намунаи ибрати мардум, бахусус, насли ҷавон аст. Зиёӣ меҳвар ва ченаки баҳои ҷомеаи беруна ба ҷомеа ва кишвари мост. Зиёӣ ченаки дараҷаи маданият ва тафаккури миллат маҳсуб мешавад. Зиёӣ пул миёни дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеа мебошад. Ин аст рисолати азалӣ ва ҳамешагии афроди зиёӣ!», – гуфтааст раисҷумҳур
Эмомалӣ Раҳмон
.
Воқеан, дар марҳалаи рушди устувори Тоҷикистон муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёиён дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ, муаррифии арзишҳои фарҳангӣ, аҳдофи ояндасози давлатӣ, эҷоди аслҳо ва ба вуҷуд овардани пояҳои ҷомеаи муосири рӯ ба рушд, ташаккули мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва рӯҳияи ифтихор аз Ватан ва давлати соҳибихтиёр, баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон ба шумор меравад.
Маҳз зиёиён қодиранд, ки бо офаридани рамзҳои шахсиятсоз ба ин раванд мусоидат кунанд.
Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда дар рӯзгори аҳли зиёи Тоҷикистон, имрӯз зиёиён ҳамчун як қишри муҳими ҷомеа шакл гирифта, парчамбардори маънавият дар байни халқ мебошанд. Зиёиён талош мекунанд, ки бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрӯзаву фардои он ба иҷро расонида, ба таъбири маъмул, «виҷдон, номус, дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат» бошанд.
Ид муборак, пешоҳангони сарсахт, аммо сарбаланди Тоҷикистон!



