Миннатпазирии вазири корҳои дохилӣ аз ҳукумат ва соҳибкорони Исфара

Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳамроҳии раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара ташриф оварда, бинои шӯъбаи мазкурро пас аз таъмиру таҷдиди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни шиносоӣ аз ШВКД-1 дар шаҳри Исфара Вазири корҳои дохилӣ аз утоқҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳамроҳии раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара ташриф оварда, бинои шӯъбаи мазкурро пас аз таъмиру таҷдиди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни шиносоӣ аз ШВКД-1 дар шаҳри Исфара Вазири корҳои дохилӣ аз утоқҳои корӣ, қисми навбатдорӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, намо ва саҳни бино ва дигар шароитҳои маишӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати шаҳри Исфара ва соҳибкорони маҳаллӣ фароҳам оварда шудааст, дидан намуда, аз рафти сифати корҳои ободонию созандагӣ изҳори қанотмандӣ намуд.

Ҳангоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати дар корҳои ободонӣ саҳм гузоштани соҳибкорони махаллӣ ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки чунин шароити мусоид ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки баҳри пеш бурдани фаъолияти хизматӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ фаъолона амал намоянд.    

Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин ҳайати шахсии ШВКД-1 дар шаҳри Исфараро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои бар дӯш дошта, барору комёбиҳо таманно кард.

Зикр гардид, ки дар қаламрави кишвар имрӯзҳо садҳо иншоотҳои хизматию маъмурӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки онҳо пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир мебошанд. Чунин имконот аз ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ тақозо мекунад, ки хизмат ба халқу Ватанро содиқонаю софдилона ва дар рӯҳияи хештаншиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ адо намоянд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.