Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода ширкат ва суханронӣ намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар аснои Шӯро масъалаҳои ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода ширкат ва суханронӣ намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар аснои Шӯро масъалаҳои ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ, аз ҷумла «Нақшаи ҳамкориҳои муштараки кишварҳои иштирокчии ИДМ оид ба иҷрои масъалаҳои муҳими молиявию иқтисодӣ», Маҷмӯи чорабиниҳо барои солҳои 2015-2016 оид ба татбиқи «Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии кишварҳои иштирокчии ИДМ то соли 2020» ва самтҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ «Дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал то давраи соли 2025», мувофиқа намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ҳолати соҳибкории хурду миёна дар кишварҳои ба ҳам шарик, масоили андозбандӣ, ҳолати корҳои бойгониҳо, қонунгузориӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, дурнамои истеҳсолот, истеъмол ва воридоту содироти маҳсулоти асосӣ барои соли 2015 баррасӣ карда шуд.

Нимаи дуюми рӯз бо ташаббуси Маркази рушди Иттиҳод ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ Форуми байналмилалии иқтисодии «Ҳамгироӣ- имкониятҳои нав ва роҳҳои баромадан аз буҳрон» баргузор гардид. Дар кори Форум аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ – вазирони рушди иқтисод, молия, саноат, савдо, коршиносон, иттиҳодияҳои соҳавӣ, сармоягузорӣ, сохторҳои бонкӣ, намояндагони судҳои иқтисодии кишварҳои иштирокчии ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва доираи соҳибкорон ширкат намуданд.

Дар Форум масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳод, аз қабили «Самаранокии энергия ва ҳифзи энергия, лоиҳаҳои инноватсионӣ», «Коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ», «Дурнамои ҳамгироии молию пулӣ дар ИДМ» ва «Таъмини фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар фазои иқтисодии ИДМ ва Иттиҳоди Авруосиё» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Форуми мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар мавзӯи «Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба он» маърӯза намуда, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати ҳамгироии иқтисодӣ манзур намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.