СММ: Оқибатҳои буҳрон дар Тоҷикистон фасли баҳор бештар эҳсос мешавад

Дар гузориши (бюллетен)-и Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Низоми пайгирии амнияти ғизойӣ дар Тоҷикистон» қайд мешавад, ки афзоиши шумори муҳоҷирони кории ба ватан баргашта ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ, ба сатҳи некӯаҳволӣ ва амнияти ғизоии хонаводаҳои Тоҷикистон таъсир расонид. Дар гузориш зикр мегардад, ки маблағҳои пулие, ки аз хориҷи кишвар интиқол […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар гузориши (бюллетен)-и Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Низоми пайгирии амнияти ғизойӣ дар Тоҷикистон» қайд мешавад, ки афзоиши шумори муҳоҷирони кории ба ватан баргашта ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ, ба сатҳи некӯаҳволӣ ва амнияти ғизоии хонаводаҳои Тоҷикистон таъсир расонид.

Дар гузориш зикр мегардад, ки маблағҳои пулие, ки аз хориҷи кишвар интиқол дода мешуданд, нисбат ба 27%-и моҳи ноябри соли 2012, дар моҳи декабри соли 2014 сарчашмаи асосии даромади ҳамагӣ 15%-и хонаводаҳо буданд.

«Оқибатҳои поинравии рушди иқтисоди Русия дар Тоҷикистон фасли баҳор, замони ба Русия рахти сафар бастани аксари муҳоҷирони меҳнатӣ барои дарёфти кори муносиб бештар эҳсос мешавад», – таъкид мешавад дар гузориш.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳосили пасти гандум ва картошка ба кам шудани захираҳои хонаводаҳо боис гардидаанд.

Ғайр аз ин гуфта мешавад, беқурбшавии арзи миллӣ ва нархҳои баланди минтақавӣ ба маводи ғизойӣ ҳамчунин ба болоравии нарх дохилӣ мусоидат намуда, дастрасӣ ба ғизоро маҳдудтар сохтанд.

«Дар хонаводаҳои дар сатҳи қашшоқӣ қарордошта мизони истеъмоли маводи ғизойӣ 11% ва хонаводаҳои камбизоат – 5% кам шуд», – омадааст дар гузориш.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта Бонки миллии Тоҷикистон


иттилоъ дод,


ки вазъи мураккаби сиёсӣ дар дунё, ноустувории ҳолати сиёсию-иқтисодии кишварҳои шарикони савдо ва номуътадилии нархи маҳсулоти асосии содиротии ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба афзоиши фишорҳои қурбӣ, касри тавозуни савдо ва то андозае ба сустшавии фаъолнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар таъсири худро расонид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.