Туҳфаҳои Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ба кӯдакони гирифтори бемории саратон

Зӯҳри имрӯз дар толори бемористони марказии саратоншиносии Тоҷикистон маросими супоридани тӯҳфаҳо ба кӯдакони ба бемории саратон гирифторшуда баргузор гардид. Ин маросим бо ҳиммати Кумитаи Имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Лона” сурат гирифт. Тавре аз бахши равобити умумии Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ дар ҶТ иттилоъ доданд, дар […]

Иттилоияи расмӣ



Зӯҳри имрӯз дар толори бемористони марказии саратоншиносии Тоҷикистон маросими супоридани тӯҳфаҳо ба кӯдакони ба бемории саратон гирифторшуда баргузор гардид. Ин маросим бо ҳиммати Кумитаи Имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Лона” сурат гирифт.

Тавре аз бахши равобити умумии Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ дар ҶТ иттилоъ доданд, дар маросим муовини сафири Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алипур, раиси Кумитаи Имдоди Имом Хумайнии Эрон дар ҶТ ҷаноби Сайид Меҳди Ибодӣ, мудири кулли умури байналмиллалии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ оқои Фалоҳатпеша, сарпарасти ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Тоҷикистон оқои Порсо, масъулини мадрасаи эронии ба номи имом  Ҷафъари Содиқ, тоҷирони муваффақи Эрон ва масъулини баландмақоми бемористони саратоншиносӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Ба иттилори манбаъ, сароғоз масъули ташкилоти ҷамъиятии “Лона” Ҷӯрахон Бобохон зимни хайрмақдам аз меҳмонон ин иқдоми наҷибро дар арфаи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ як фолӣ нек ҳисобида, кӯдакони ба бемории саратон гирифторшуда ва аҳли оилаи эшонро бо иди Наврӯзи ҳуҷастапай табрик намуд. Эшон қайд намуд, ки таваҷҷуҳи ҳукумати  Тоҷикистон ва хоса президенти он Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ин табақаи атфол, ки ҳамарӯза баҳри зиндагӣ кардан бо ин бемории шадид мубориза мебаранд, хеле назаррас буда, дар канори ин ташкилоти ҷамъиятии “Лона”, ки сарпарасти он Озода Раҳмон ҳастанд, ҳамарӯза баҳри дастгирии ин атфол ва оилаҳои он корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Эшон дар поёни суханронии худ аз ҳамкории пурсамари ин ташкилот бо ниҳоди башардӯстонаи Кумитаи Имдод ёдовар шуда, арз намуд, ки дар фурсати наздик аз ҷониби ин ниҳоди башардӯстона ба маблағи беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ боз доруворӣ ва маводи мавриди ниёзи аввал харидорӣ ва дастрас хоҳад шуд.

Муовини сафири Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алипур зимни суханронӣ аз ташабуси Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ истиқбол намуда, баҳри идома пайдо намудани ин амри хайр таъкид намуд. Эшон ҳамзамон аз равобити ҳасанаи ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг ёдовар шуда арз намуд, ки муносибатҳои судманд дар оянда низ густариш хохад кард.

Сайид Меҳди Ибодӣ – раиси Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ зимни суханронӣ арз намуд, ки ин ниҳоди башардӯстона ба унвони як ниҳоди хайриявӣ дар оянда низ кӯмакҳои худро барои дастгирии кӯдакони ба бемории саратон гирифторшуда, тавсеа дода, барномаҳои ҷадидро аз сар хоҳад гирифт. Эшон ҳамзамон аз волидайни ин кӯдакони атфол изҳори ташаккур кард, ки новобаста аз ин мушкилоти сангин, босабру таҳаммуланд ва талош мекунанд то фарзандонашон солим шаванд. Дар ин роҳи душвор ва мушкил ба волидайн сабру таҳаммулро хоста, ба беморон шифои комилро хост. Ҳамзамон оқои Ибодӣ аз тоҷирони муваффақи эронӣ, хосатан аз оқои Сабқӣ ва Зулқадр, ки дар ин маросим ҳузур пайдо намуданд ва барои дастгоҳҳои телевизиону видео, тӯҳфаҳои гаронқиммат дасти ёрӣ дароз намуданд ва ҳамкории хуб дар ин барномаи муҳим намуданд,  изҳори сипос намуд. Эшон ҳамзамон эълон фармуд,ки аз ҷониби соҳибкори муваффақи иронӣ оқои Сабқӣ таклиф шудааст, ки ҳар моҳ барои хариди доруворӣ ба ин марказ маблағи 6 ҳазор сомонӣ мунтазам тайи як сол кӯмак хоҳад шуд.

Гурӯҳи санъаткорони эронӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз ба кишвари Тоҷикистон ташриф оварда буданд бо барномаи рангини фарҳангӣ ба маросим ҳусни тоза бахшиданд. Дар поёни маросим ба бемористони саратони кӯдакон 7 адад телевизор ва видео, доруворӣ ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ ва барои кудакон туҳфаи наврузӣ ва ба волидайн кумаки яквактинаи мавридӣ расонида шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.