Таъмини оилаи чоргоникҳо бо манзили зист дар маркази пойтахт

Мақомоти шаҳрдории пойтахт супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини оилаи сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнуноваро бо манзили зист ба иҷро расониданд. Дар ин оила рӯзи 4 феврал чоргоникҳо ба дунё омаданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, оилаи Маҷнуновҳо калиди хонаи сеҳуҷрагии […]

Аваз Юлдошев



Мақомоти шаҳрдории пойтахт супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини оилаи сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнуноваро бо манзили зист ба иҷро расониданд. Дар ин оила рӯзи 4 феврал чоргоникҳо ба дунё омаданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, оилаи Маҷнуновҳо калиди хонаи сеҳуҷрагии пурра бо мебелу ашёи рӯзгор таъминро дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт ҳанӯз дар арафаи ҷашни Рӯзи модарон, санаи 7 март гирифта буданд.

Ба иттилои манбаъ, Гулшан Маҷнунова ва 4 тифли ӯ то гирифтани манзили нав дар таваллудхона қарор доштанд, зеро дар манзили зисти пешинаашон барои тифлон шароитҳои зарурӣ мавҷуд набуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврал баъди ба дунё омадани чоргоникҳо дар оилаи Маҷнуновҳо, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

дастур дода буд,

ки ба ин оила  манзили сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шавад. Чоргоникҳо – 1 писару 3 духтар дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чашм ба олами ҳастӣ кушоданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.