Боздиди донишҷӯён аз осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ

Ба муносибати 137-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои илмӣ-адабӣ таҳрезӣ гардида, чанде қабл донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ аз Осорхона адабии устод Садриддин Айнӣ боздид намуданд. Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар рафти боздид масъулини осорхона ба донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ доир ба ҳаёту фаъолият, […]

ASIA-Plus



Ба муносибати 137-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои илмӣ-адабӣ таҳрезӣ гардида, чанде қабл донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ аз Осорхона адабии устод Садриддин Айнӣ боздид намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар рафти боздид масъулини осорхона ба донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ доир ба ҳаёту фаъолият, асарҳои эҷодкарда ва заҳмату талошҳои адибии забардаст дар рушди адабиёти тоҷик сухан гуфта, иштирокчиёнро ба маҳзани илму маърифат бори дигар шинос намуданд.

Тавре қайд карда шуд, осорхонаи адабӣ ба чаҳор толор ҷудо карда шудааст. Дар толори аввали он китобу маҷмӯаҳое, ки доир ба ҳаёту фаъолияти шоир то замони инқилоб ҷамоварӣ гардидаанд, гирдоварӣ шудааст. Дар толори дуюми он асарҳои нашрнамудаи Айнӣ аз солҳои 1920 то 1950, яъне баъд аз замони инқилобӣ ҷой дода шудааст.

Дар толори сеюм маҳсули эҷод намудаи шоир дар солҳои 1951 то 1954 маҳфуз аст. Толори чорум бошад, асарҳои муҳаққиқони дохил ва хориҷ, ки бо забонҳои гуногун дар бораи устод Садриддин Айнӣ эҷод намуданду имрӯз хонандагон аз онҳо васеъ истифода мебаранд, ҷой гирифтааст.

Дар фарҷом донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шеърҳоро аз ашъори шоир дар назди ҳозирин қироат намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.