Семоҳаи авали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6,5 ҳазор ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 15% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-марти соли 2015 афзоиши шумори ҷиноятҳои сабтшуда дар вилояти Хатлон ба андозаи 34,3%, Суғд – 17,7%, ноҳияҳои тобеи марказ – 15,8% ва шаҳри Душанбе – 0,9% ба қайд гирифта шуда, дар ҳамин ҳол, шумори ҷиноятҳои сабтшуда дар ВМКБ 6,3% коҳиш ёфтааст.
Дар зарфи 3 моҳи аввали соли равон беш аз 1,5 ҳазор ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудаанд, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2014 ба миқдори 12,4% зиёдтар аст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар ин давра шумори ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ – 14,5%, ришвахорӣ – 21,3%, дуздӣ – 36%, ҳамлаҳои ғоратгарона – аз 11 то 15 ҳолат афзуда, ҳодисаҳои хариду фурӯш ва рабудани одамон дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондаанд.
Тайи 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 877 ҷинояти иқтисодӣ ва 112 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шуда, сатҳи умумии ошкоршавии ҷиноятҳо 83,6% (ҳамин давраи соли гузашта – 82,2%) -ро ташкил додааст.


