БҶ: Тоҷикистон кишвари аз ҳама бештар вобастаи ҷаҳон ба интиқоли маблағҳои пулӣ аст

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки соли 2014 оғоз гардид, соли равон низ идома меёбад. Дар гузориши интишоршуда дар сомонаи расмии БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки коҳиши рушди иқтисод дар Русия ба аз даст додани ҷойҳои корӣ боис гардида, афтиши […]

ASIA-Plus



Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки соли 2014 оғоз гардид, соли равон низ идома меёбад.

Дар

гузориши

интишоршуда дар сомонаи расмии БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки коҳиши рушди иқтисод дар Русия ба аз даст додани ҷойҳои корӣ боис гардида, афтиши қурби рубл даромадҳои воқеъии муҳоҷиронро кам кард, ки ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллари ИМА оварда расонид.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ чунин мешуморанд, ки дар натиҷаи ин кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ осеб диданд, ки бештар ба интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия вобастаанд.

Гуфта мешавад, соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Украина ба андозаи 27, Ӯзбекистон – 16%, Арманистон – 11% ва Тоҷикистон – 8% коҳиш ёфт.

Дар гузориши Бонк таъкид мешавад, ки Тоҷикистон кишвари аз ҳама бештар вобастаи ҷаҳон ба интиқоли маблағҳои пулӣ аст ва соли 2013 ҳаҷми маблағҳои пулии интиқолёфта 49%-и ММД-и кишварро ташкил дода буд.

Ба гуфтаи сарноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Кошик Басу, дар Тоҷикистон қариб нисфи истеъмол аз ҳисоби маблағҳои пулии интиқолшуда сурат мегирад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ дар соли гузашта 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба ҳудуди 45%-и ММД-и кишвар (45,6 млрд. сомонӣ ё худ тақрибан 8,6 млрд. $) баробар аст.

Дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 соли 2014 ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон ба андозаи 8,3% ё худ 300 млн. доллари ИМА кам шуд. Соли 2013 ҳаҷми маблағҳои пулии интиқолшуда ба ҷумҳурӣ ҳудуди 4,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.