Адиби маъруфи тоҷик ба доми қаллобон афтод

Date:



Адиби маъруфи тоҷик Ато Ҳамдам барои азму талош ва чусту чолокии кормандони милиса дар дарёфту ба ӯ баргардонидани автомашинаи шахсиаш ба онҳо миннатдорӣ изҳор намуд.

«Дар таърихи 31-уми моҳи марти соли 2015 ман ба доми як гурӯҳ қаллобони касбӣ афтодам, ки аз соли 1996 инҷониб ба фиреби шахсони мошиндор машғул буда, даҳҳо нафарро сарсону саргардон ва аз мошини шахсиашон маҳрум гардондаанд», – қайд мешавад дар сипосномаи адиб ба унвони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки дар сомонаи Вазорат ҷой дода шудааст.

«Тавассути азму талош ва чусту чолокии кормандони баъди як ҳафта қаллобони ашаддӣ дар ноҳияи Ҳисор ҳини ба савдо андохтани мошини шахсии ман ба даст афтоданд. Агар чусту чолокӣ ва маҳорату кордонии ин ҷавонмардони ҳақиқӣ – кормандони ҷонсӯзи мақомоти Шумо намешуд, шояд дигар ман на мошинамро пайдо мекардаму на ягон сомонӣ ба даст меовардам», – иброз доштааст адиб.

Ато Ҳамдам ҳамраиси Анҷумани ноширон ва тарҷумонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва Белорус, барандаи ҷоизаи Олии адабии Покистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири интишороти «ЭР-граф» мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...