Форуми «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри XXI» дар Душанбе



Рӯзи 21 апрели соли равондар шаҳри Душанбе Форуми XI-уми байналмилалии «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри XXI» ва Мактаби VI-уми байналмилалии тарҷумонҳои ҷавони адабиёти бадеӣ ба кор шурӯъ намуд, ки то 23 апрел идома меёбад.

Ин Форум ва Мактабро Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир менамояд. Баргузории ин ҳамоишҳо бо ҳадафҳои Соли оила, ҷашни 700-солагии мутафаккир ва орифи барҷаста Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва натиҷагирии Даҳсолаи СММ «Об барои ҳаёт» созгор аст.

Дар кори Форум ва Мактаб олимони барҷаста, мутахассисон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ ва СҲШ, ки аъзои Созмони базавии забон ва фарҳангҳои давлатҳои аъзои ИДМ мебошанд, инчунин адибон ва тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ, намояндагони мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, идоракунии соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ, ходимони дин, донишгоҳҳои давлатҳои аъзои ИДМ иштирок менамоянд.

Дар барномаи Форум баргузории нишасти матбуотӣ, ҷаласаҳои пленарӣ ва сексионӣ, мизҳои мудаввар барои мубодилаи таҷриба ва баҳсҳои илмӣ, вохӯриҳо бо адибон, лексияҳо ва маърӯзаҳои мутахассисон доир ба тарҷумаи бадеӣ, дасрҳои амалии мутарҷимони Россия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба нақша гирифта шуда аст.

Дар фароварди Форум маҷмӯаи фишурдаи маърӯзаҳои иштирокчиён омода ва нашр хоҳад гашт.

spot_imgspot_img

Популярное