Форуми «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри XXI» дар Душанбе

Рӯзи 21 апрели соли равондар шаҳри Душанбе Форуми XI-уми байналмилалии «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри XXI» ва Мактаби VI-уми байналмилалии тарҷумонҳои ҷавони адабиёти бадеӣ ба кор шурӯъ намуд, ки то 23 апрел идома меёбад. Ин Форум ва Мактабро Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир менамояд. Баргузории […]



Рӯзи 21 апрели соли равондар шаҳри Душанбе Форуми XI-уми байналмилалии «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри XXI» ва Мактаби VI-уми байналмилалии тарҷумонҳои ҷавони адабиёти бадеӣ ба кор шурӯъ намуд, ки то 23 апрел идома меёбад.

Ин Форум ва Мактабро Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир менамояд. Баргузории ин ҳамоишҳо бо ҳадафҳои Соли оила, ҷашни 700-солагии мутафаккир ва орифи барҷаста Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва натиҷагирии Даҳсолаи СММ «Об барои ҳаёт» созгор аст.

Дар кори Форум ва Мактаб олимони барҷаста, мутахассисон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ ва СҲШ, ки аъзои Созмони базавии забон ва фарҳангҳои давлатҳои аъзои ИДМ мебошанд, инчунин адибон ва тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ, намояндагони мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, идоракунии соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ, ходимони дин, донишгоҳҳои давлатҳои аъзои ИДМ иштирок менамоянд.

Дар барномаи Форум баргузории нишасти матбуотӣ, ҷаласаҳои пленарӣ ва сексионӣ, мизҳои мудаввар барои мубодилаи таҷриба ва баҳсҳои илмӣ, вохӯриҳо бо адибон, лексияҳо ва маърӯзаҳои мутахассисон доир ба тарҷумаи бадеӣ, дасрҳои амалии мутарҷимони Россия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба нақша гирифта шуда аст.

Дар фароварди Форум маҷмӯаи фишурдаи маърӯзаҳои иштирокчиён омода ва нашр хоҳад гашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.