Президент раисони ноҳияҳои пойтахтро иваз кард



Бо фармони президенти Тоҷикистон се нафар раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе иваз шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, раисони ноҳияи Сино – Зафар Сафаров, Шоҳмансур – Самандар Бобоев ва Фирдавсӣ – Саиднурдин Алиев мансабҳои худро тарк карданд.

Бо фармони президент, собиқи раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардзода раиси ноҳияи Шоҳмансур, собиқ раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Саиднурдин Алиев раиси ноҳияи Сино ва Ҷамшед Табаров раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт таъин шуданд.

Зафар Самадов муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва собиқ раиси Раёсати Агентӣ дар ВМКБ Муртазо Ҳайдарзода муовини директори Агентии мазкур таъин шуданд. Ҳасан Дӯстзода раиси ноҳияи Нуробод таъин карда шуд.

Бо амри президент бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан Шуҳрат Мақсудзода аз мансаби сардори Раёсати тарҳрезии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ сабукдӯш шуд.

Бек Қурбонов муовини аввали раиси Кумитаи рушди маҳалли назди президенти ҶТ, Тоҷиддин Ҷӯразода муовини Кумитаи рушди маҳалии назди президенти ҶТ таъин шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное