Рӯзи 30 апрели соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо намояндаи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) Акбар Алӣ Песнаниро дидору гуфтушунид кард.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, аз ҷумла, ҷонибҳо дар масъалаи татбиқи лоиҳаҳои Ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон табодули назар карданд.
Қобили зикр аст, ки AKDN аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар намояндагиҳои худро дорад ва айни замон тавассути амалисозии барномаву лоиҳаҳои худ ҳудуди 3 ҳазор нафарро бо ҷойи корӣ таъмин кардааст.



