Шоми эҷодии Темур Зулфиқоров дар Душанбе

Шоми эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русизабони тоҷик таҳти унвони «Дастурхони зиндагии ман ҳоло ғундошта нашудааст» (Дастархан моей жизни еще не свернулся) рӯзи 23 май дар Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе доир мегардад. Дар шаби эҷодии адиб ҳамчунин овозхони соҳибзавқ, сарояндаи романсҳои русӣ Ирина Дмитриева-Ван, Хуршед Мустафоев ва ҳунармандони театр низ […]

ASIA-Plus



Шоми эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русизабони тоҷик таҳти унвони «Дастурхони зиндагии ман ҳоло ғундошта нашудааст» (Дастархан моей жизни еще не свернулся) рӯзи 23 май дар Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе доир мегардад.

Дар шаби эҷодии адиб ҳамчунин овозхони соҳибзавқ, сарояндаи романсҳои русӣ Ирина Дмитриева-Ван, Хуршед Мустафоев ва ҳунармандони театр низ ширкат меварзанд.

Темур Зулфиқоров соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкий аст.

Темур Зулфиқоров шоир, нависанда ва драматурги  тоҷик аст, ки айни замон дар шаҳри Маскав кору эҷод мекунад.  Дар Ғарб ӯро “Дантеи адабиёти рус” меноманд ва асарҳояш ба даҳҳо забони олам тарҷума шудаву миёни хонандагони рус ва кишварҳои ғарбӣ аз маъруфияти хосса бархӯрдор аст. Муаллифи бештар аз 20 асари назмиву  насрӣ буда, теъдоди нашри китобҳояшро аз 1 миллион нусха бештар арзёбӣ мекунанд.

Вай ҳамчунин муаллифи сенария дар бештар аз 20 филми ҳунарӣ ва мустанад мебошад.

Соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла ҷоизаи “Ясная Поляна”, “Беҳтарин китоби сол”, “Антон Делвиг”, «Хартли-Мерилл» (Ҳолливуд, барои беҳтарин сенария) ва ғолиби озмуни “Ҳазрати Пайғамбар (с) раҳмат барои ҷаҳониён” мебошад Ӯ ду бор ба дарёфти Ҷоизаи Нобел пешниҳод шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.