Коршинос: Ҷанг миёни ДИИШ ва «Толибон» ногузир аст

– Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз арсаи сиёсии сайёра бартараф кардани ба истилоҳ созмони «Давлати исломӣ» тадбирҳои ҳамоҳангшудаву ҷиддӣ сари кор нагираду оид ба дар Афғонистон таъсис додани ҳуқумати ҳақиқатан ҳам ба эътимоди мардум сазовор, ки ба он тамоми гурӯҳҳои ба ҳамдигар душман, аз ҷумла ҳаракати «Толибон» шомил шуда тавонанд, чораҳои муаасир наандешад, ҷанг миёни […]

Аваз Юлдошев



– Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз арсаи сиёсии сайёра бартараф кардани ба истилоҳ созмони «Давлати исломӣ» тадбирҳои ҳамоҳангшудаву ҷиддӣ сари кор нагираду оид ба дар Афғонистон таъсис додани ҳуқумати ҳақиқатан ҳам ба эътимоди мардум сазовор, ки ба он тамоми гурӯҳҳои ба ҳамдигар душман, аз ҷумла ҳаракати «Толибон» шомил шуда тавонанд, чораҳои муаасир наандешад, ҷанг миёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва «Толибон» ногузир аст, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» собиқ сардори Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон, генерал-майор Файзулло Гадоев.

Ба андешаи ӯ, агар ин ҷанг оғоз ёбад, он бо бераҳмиву бисёрмиқёсии худ ба бисёре аз кишварҳо мушкил эҷод месозад.

«Ҷанг миёнии ДИИШ ва «Толибон» бинобар сабаби ду омил – иделогӣ ва молиявӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Идеологияи ДИИШ – равияи «Салафия» ҳеҷ наметавонад бо равияи «Ҳанафия» созиш кунад, ки ҷонибдорони он «Толибон» мебошанд. Омили дигар маводи мухаддир аст, ки феълан барои мусаллаҳ кардани ҷангиёни ҳарду ҷониб хеле зарур аст», – қайд кард генерал-майор.

Дар ҳамин ҳол, ӯ хотиррасон намуд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ ба терроризми байнулмилалӣ аст.

Дар бораи дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани гурӯҳҳои ДИИШ ахбори зидду нақиз мавҷуд аст. Фармондеҳи марзбонии Эрон генерал-майор Қосим Ризоӣ чанде қабл ба хабаргузории «Форс»

дар ин робита изҳор намуд

, ки маълумоти чанде аз коршиносон ва як қатор ВАО дар бораи пайдо шудани ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДДИШ) дар Афғонистон ва марзҳои Тоҷикистон беасос аст. «Ин гуна маълумот беасос аст, вале дар минтақа нерӯҳое мавҷуданд, ки ба ноамн кардани вазъ кӯшиш ба харҷ медиҳанд», – қайд кард генерали эронӣ.

Ба ақидаи коршиноси тоҷик, собиқадори мақомоти амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ Давлатҳоҷӣ Назиров, гурӯҳи ба истилоҳ Хуросони ДИИШ кайҳост, ки дар қаламрави Афғонистон қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.