Аслов омилҳои дохилии таъсиррасон ба амният дар минтақаро номбар кард

Рӯзи 4 июни 2015 дар Москва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Амният ва субот дар минтақаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай» ширкат варзид. Зимни суханронӣ дар конфронс Сироҷиддин Аслов қайд кард, ки имрӯз дар бораи як қатор омилҳои дохилии минтақа мебояд ҳарф зад, ки ба […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 4 июни 2015 дар Москва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Амният ва субот дар минтақаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай» ширкат варзид.

Зимни суханронӣ дар конфронс Сироҷиддин Аслов қайд кард, ки имрӯз дар бораи як қатор омилҳои дохилии минтақа мебояд ҳарф зад, ки ба амнияту субот дар минтақаи СҲШ таъсир мерасонанд.

Ба андешаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, омилҳои халалдорсози амнияту субот дар минтақаи СҲШ пурзӯр шудани таъсири ақидаҳои бунёдгароӣ ва таассуб, афзоиши шумори гурӯҳу ҳаракатҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, зиёд шудани шумори шаҳрвандони минтақаи Осиёи Марказӣ дар мактабҳои сабтиномнашуда ва ғайриқонунии динӣ ва марказҳои омодасозии ҷангиёни террорист дар хориҷа мебошад.

«Ғайр аз ин, мавҷудияти тарзҳои гуногуни муносибат ба истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикии минтақа, хотима наёфтани ҷараёнҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ миёни кишварҳои ҷудогонаи минтақа, ҷой доштани монеъаҳои сунъӣ дар самти транзити мол ва ҳаракати озодонаи одамон ва ҳамчунин ҳамоҳангсозӣ нашудани қарорҳо оид ба мушкилоти амнияти минтақа ва ҷаҳон, метавонад субот дар минтақаи СҲШ-ро халалдор намояд», – таъкид доштааст Сироҷиддин Аслов.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.