Дабири кулли СММ аз кӯли Сарез боздид мекунад

Рӯзи сешанбеи ҳафти оянда Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» иштирок мекунад. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик, Пан Ги Мун дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи сешанбеи ҳафти оянда Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» иштирок мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик, Пан Ги Мун дар Душанбе бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, ҳамчунин аз кӯли Сарез низ боздид мекунад.

«Сафари Дабири кулли СММ ба Осиёи Миёна пас аз нишасти «Ҳафтгонаи бузург» (G7) дар Олмон шурӯъ мешавад. Рӯзи 8 уми июн Пан Ги Мун дар вохӯрӣ оид ба терроризм бо шарикон аз G7 ширкат меварзад», – гуфтааст намояндаи расмии Дабири кулли СММ.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дидору гуфтушуниди Дабири кулли СММ бо канслери Олмон Ангела Меркел ва вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар назар буда, сипас Пан Ги Мун ба Тоҷикистон (9 июн), Қазоқистон (10 июн), Қирғизистон (11 июн), Ӯзбекистон (12 июн) ва Туркманистон (13 июн) сафар мекунад.

Ҳамчунин зикр мегардад, зимни сафар ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дабири кулли СММ бо сарони ин кишварҳо ва шахсони воломақоми расмӣ дидору гуфтушунид карда, дар як қатор чорабиниҳои байнулмилалӣ ширкат меварзад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.