Тоҷикистон барқро барои Қирғизистон арзон карданӣ нест

Дар робита ба масъалаи гутфшунидҳо миёни Қирғизистону Тоҷикистон оид ба интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар дар мавсими тобистон, муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Нурлан Содиқов гуфтааст, ҷонибҳо ҳоло аз рӯи ҳаҷму арзиши барқ ба созиши ягона нарасидаанд. Нашрияи « Вечерний Бишкек »  менависад, муовини вазир иброз доштааст, ки дар ин масъала  гуфтушунидҳо […]

ASIA-Plus



Дар робита ба масъалаи гутфшунидҳо миёни Қирғизистону Тоҷикистон оид ба интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар дар мавсими тобистон, муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Нурлан Содиқов гуфтааст, ҷонибҳо ҳоло аз рӯи ҳаҷму арзиши барқ ба созиши ягона нарасидаанд.

Нашрияи «

Вечерний Бишкек

»  менависад, муовини вазир иброз доштааст, ки дар ин масъала  гуфтушунидҳо идома дошта, онҳо ният доранд, ки ҳамин моҳ қарордод бо Тоҷикистонро дар ин хусус ба имзо расонанд.

«Бо назардошти идомаи гуфтушунидҳо, ба ифшои тафсилоти он дар бораи нархи барқ ҳуқуқ надорам ва ин рақамҳо ҳоло дар ҳеҷ ҷое ҳам сабт нашудаанд. Нисбат ба соли гузашта Тоҷикистон нархи баландтареро талаб дорад, Қирғизистон бошад, ба афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон омода аст», – гуфтааст ӯ.

Аввали ҳамин моҳ ВАО-и Қирғизистон

иттилоъ дода буданд,

ки Қирғизистон ҳамин моҳ ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон шурӯъ карданист.

Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» 

дар ин робита иттилоъ дода буданд

, ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидааанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.