Ҳайати тоҷирони Беларус ба Тоҷикистон меоянд

Рӯзи 21 июн ҳайати тоҷирон ва намояндагони корхонаҳои бузурги Беларус ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Тавре маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ин робита хабар медиҳад, ҳайат аз намояндагони корхонаҳои истеҳсоли техникаи автомобилӣ, мебел, дорувории тиббӣ, маҳсулоти ғизойӣ барои кӯдакон, маҳсулоту лавозимот барои варзишгарон, молу воситаҳои ороишӣ ва воситахои техникаи маишӣ иборат […]

Мавзуна Абдуллоева



Рӯзи 21 июн ҳайати тоҷирон ва намояндагони корхонаҳои бузурги Беларус ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ин робита хабар медиҳад, ҳайат аз намояндагони корхонаҳои истеҳсоли техникаи автомобилӣ, мебел, дорувории тиббӣ, маҳсулоти ғизойӣ барои кӯдакон, маҳсулоту лавозимот барои варзишгарон, молу воситаҳои ороишӣ ва воситахои техникаи маишӣ иборат хоҳад буд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз сафар густариши бозорҳои фурӯши маҳсулоти корхонахои Беларус, дарёфти шарикони нави корӣ, роҳандозии шаклҳои гуногуни ҳамкории барои тарафайн судманд аст.

Гуфта мешавад, сафари ҳайати Беларус бо талошҳои муштараки сафорати Беларус дар Тоҷикистон, ПСС ҶТ ва шуъбаи ПСС Беларус дар Могилёв ташкил мешавад ва дар доираи сафар дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе биржаи робита ва ҳамкории доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Беларус барпо мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки сафари ҳайати тоҷирони Беларус ба Тоҷикистон то санаи 26 июн идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.