Зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Чкаловск, Қайроққум ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғд, ки чанде қабл дар Қасри фарҳанги ба номи Рӯдакии маркази вилоят баргузор шуд, прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод изҳор намуд, ки яке аз сарчашмаҳои паҳншавӣ ва таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ худи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва бисёре аз касоне, ки дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, ин гуна ақидаҳои террористиву ифротгароиро миёни ҷавонон таблиғ мекунанд. Аз рӯи санҷишҳо ҳоло дар ин гуна мактабҳои ғайрирасмии хориҷи кишвар 42 нафар аз сокинони вилояти Сугд таҳсил менамоянд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, прокурори генералии ҷумҳурӣ ба ҳозирин иттилоъ дод, ки айни замон 300 нафар шахрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои давлати Сурия иштирок дошта, аз ин шумора 99 нафарро сокинони вилояти Суғд ташкил медиҳанд. Тибки маълумоти расми аз онхо 100 нафар кушта шудаанд. Фирефташудагон шахрвандони аз 18 то 35 сола ҳастанд.
Гуфта мешавад, дигар аз масъалае ки мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтааст, ин нигоҳ доштани арзиши пули миллӣ ва таъмини низоми пулию қарзӣ буд. Бо баробари номуътадилии асъори хориҷӣ, муомилот ва хариду фурӯш дар бозорҳо ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ сурат мегирад. Ин гуна қонунвайронкунӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар ҷой дошта танҳо дар вилояти Суғд 175 ҳолати хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ ошкор гардид. Дар натиҷа 25 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Дар миқёси кишвар бошад, ин ҳолат 358 ададро ташкил мекунад. Ҳарчанд аз ҷониби Бонки миллӣ курби расмии асъор муқаррар шуда бошад ҳам, он дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бо арзиши баланд фурӯхта мешавад.
Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бобати чораҳои андешидашудаи мақомоти маҳаллӣ оид ба риояи ҳатмии савдо ва гардиши молу амвол ва муомилот бо пули миллӣ изҳори назар намуд. Иштирокдорони ҷаласа, фаъолон мавриди мавзӯҳои пешниҳодшуда фикру андешаҳои худро иброз намуданд.





