Прокурори генералӣ: Ақидаҳои ифротгароиро худи шаҳрвандони Тоҷикистон таблиғ мекунанд

Зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Чкаловск, Қайроққум ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғд, ки чанде қабл дар Қасри фарҳанги ба номи Рӯдакии маркази вилоят баргузор шуд, прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод изҳор намуд, ки яке аз сарчашмаҳои паҳншавӣ ва таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ худи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Чкаловск, Қайроққум ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғд, ки чанде қабл дар Қасри фарҳанги ба номи Рӯдакии маркази вилоят баргузор шуд, прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод изҳор намуд, ки яке аз сарчашмаҳои паҳншавӣ ва таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ худи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва бисёре аз касоне, ки дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, ин гуна ақидаҳои террористиву ифротгароиро миёни ҷавонон таблиғ мекунанд. Аз рӯи санҷишҳо ҳоло дар ин гуна мактабҳои ғайрирасмии хориҷи кишвар 42 нафар аз сокинони вилояти Сугд таҳсил менамоянд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, прокурори генералии ҷумҳурӣ ба ҳозирин иттилоъ дод, ки айни замон 300 нафар шахрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои давлати Сурия иштирок дошта, аз ин шумора 99 нафарро сокинони вилояти Суғд ташкил медиҳанд. Тибки маълумоти расми аз онхо 100 нафар кушта шудаанд. Фирефташудагон шахрвандони аз 18 то 35 сола ҳастанд.

Гуфта мешавад, дигар аз масъалае ки мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтааст, ин нигоҳ доштани арзиши пули миллӣ ва таъмини низоми пулию қарзӣ буд. Бо баробари номуътадилии асъори хориҷӣ, муомилот ва хариду фурӯш дар бозорҳо ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ сурат мегирад. Ин гуна қонунвайронкунӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар ҷой дошта танҳо дар вилояти Суғд 175 ҳолати хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ ошкор гардид. Дар натиҷа 25 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Дар миқёси кишвар бошад, ин ҳолат 358 ададро ташкил мекунад. Ҳарчанд аз ҷониби Бонки миллӣ курби расмии асъор муқаррар шуда бошад ҳам, он дар нуқтаҳои мубодилаи асъор бо арзиши баланд фурӯхта мешавад.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бобати чораҳои андешидашудаи мақомоти маҳаллӣ оид ба риояи ҳатмии савдо ва гардиши молу амвол ва муомилот бо пули миллӣ изҳори назар намуд. Иштирокдорони ҷаласа, фаъолон мавриди мавзӯҳои пешниҳодшуда фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.