Марзбонон убури қочоқбарон аз Афғонистонро пешгирӣ карданд

Шаби 4 ба 5 июн марзбонони тоҷик ду кӯшиши убури марзи давлатӣ аз ҷониби қочоқбарони афғонро пешгирӣ намуданд. Сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қитъаи «Ҳамадонӣ»-и марз аз кӯшиши интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуда, қочоқбарони афғон дар ҷойи задухӯрди мусаллаҳона […]

Аваз Юлдошев



Шаби 4 ба 5 июн марзбонони тоҷик ду кӯшиши убури марзи давлатӣ аз ҷониби қочоқбарони афғонро пешгирӣ намуданд.

Сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қитъаи «Ҳамадонӣ»-и марз аз кӯшиши интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуда, қочоқбарони афғон дар ҷойи задухӯрди мусаллаҳона 42 кило ҳашиш ва 2 кило афюнро гузошта, ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд.

Ба гуфтаи ӯ, худи ҳамон шаб дар қитъаи «Панҷ»-и марз бо қочоқбарон муқовимати мусаллаҳона сурат гирифта, дар ҷойи ҳодиса ҷасади марди тақрибан 40-45-солаи афғон, автомати Калашников бо се тирдон ва 25 кило ҳашиш дарёфт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо чораҳои зарурии тафтишотӣ анҷом дода мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.