Шабдолов: Даъвати энергетикҳои рус оид ба сохтмони нерӯгоҳи Сарез оқилона аст

– Пешниҳоди роҳбарони сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ – Норак ва Сангтӯда-1 Юрий Севенард ва Александр Рябикин бобати дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 (90-11 июни соли 2015, ш.Душанбе) таваҷҷуҳ зоҳир намудани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар кӯли Сарез […]

Аваз Юлдошев





Пешниҳоди

роҳбарони сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ – Норак ва Сангтӯда-1 Юрий Севенард ва Александр Рябикин бобати дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 (90-11 июни соли 2015, ш.Душанбе) таваҷҷуҳ зоҳир намудани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар кӯли Сарез бо истифода аз ҷойи бандкардаи кӯҳпораи Усой ба сифати сарбанди табиӣ хеле оқилона буда, ба таъмини бехатарии беш аз 10 млн. нафар аҳолии Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон аз рахнашавии кӯли Сарез нигаронида шудааст, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз аввали солҳои 70-уми асри гузашта котибони якуми Кумитаҳои марказии Ҳизбҳои коммунисти Тоҷикистон – Ҷаббор Расулов, Ӯзбекистон – Шароф Рашидов ва Туркманистон – Муҳаммадназар Ғафуров оид ба масъалаи таъмини бехатарии кӯли Сарез бо мактуби махфӣ ба роҳбарони онвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ – котиби генералӣ Леонид Брежнев ва роҳбари Шӯрои вазирон Николай Косигин муроҷиат кардааанд.

«Дар он навишта зикр гардида буд, ки хатарнокии кӯли Сарез дар сарбанди бар асари афтиши кӯҳпора пайдошудаи он набуда, балки дар он аст, ки нисфи кӯҳпораи боқимонда дар натиҷаи заминларза метавонад ба кӯл лағжида, мавҷҳои пуриқтидори об дар кӯлро ба вуҷуд оварад», – қайд кард Шабдолов.

Дар идома ӯ изҳор намуд, ки роҳбарони онвақтаи се ҷумҳурӣ Маскавро аз он огоҳ карда буданд, ки мавҷҳои пуриқтидори бавуҷудомада метавонанд аз болои сарбанд ба самти водиҳо ҷорӣ шуда, дар роҳи худ тамоми чизро хароб созанд ва ба ҳалокати миллионҳо одамон аз кӯҳҳои Помир то баҳри Арал дар ҳарду соҳили Амударё боис гарданд.

«Он замон роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин робита дастур доданд, ки тавассути бунёди каналҳову дигар воситахои ҷоришавии об сатҳи оби кӯли Сарезро 30 метр поин фароранд, вале ин дастур иҷро нашуд», – гуфт раиси ҲКТ.

Шабдолов таъкид дошт, ки сарфи назар аз хеле гарон будани сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар кӯли Сарез, баҳри таъмини бехатарии миллионҳо одамон, нигаҳдории иқтисоди Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, имрӯз кишварҳои минтақа ва созмонҳои байнулмилалиро мебояд барои амалисозии чунин лоиҳа муттаҳид шаванд.

Тавре қаблан бо истинод ба РИА Новости

иттилоъ дода будем

, дар доираи сафар ба Тоҷикистон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун рӯзи 9 июн аз кӯли Сарез низ боздид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.