Кумаки низомиёни Русия ба омодакунии мутахассисон барои артиши Тоҷикистон



Мураббиёни пойгоҳи низомии 20-уми Русия дар Тоҷикистон то ахири сол барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор мутахассисони хурд тайёр мекунанд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии Ҳавзаи низомии марказии Русия, дар пойгоҳи низомии 201-ум марҳилаи навбатии омодакунии мутахассисони хурди ҳарбӣ барои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оғоз гардидааст, ки мутобиқи Созишнома дар бораи будубоши ин пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон гузаронида мешавад.

«Ҳамзамон дар се тамрингоҳи пойгоҳ – Лоҳур, Самбулӣ ва Момирак муддати се моҳ афсарони рус бо хизматчиёни ҳарбии тоҷик машғулиятҳои амалӣ гузаронида, хизматчиёне, ки муваффақона имтиҳонҳоро месупоранд,ба шаҳодатномаи мутахассиси хурди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонр соҳиб шуда, дар тамринҳои муштараки воҳидҳои артишҳои ҳарду кишвар иштирок мекунанд», – омадааст дар хабар.

spot_imgspot_img

Популярное