Боздошти корманди комиссариати ҳарбии Исфара ҳангоми порагирӣ

Корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ҳангоми порагирӣ дастгир шуд. Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки корманди 52-солаи комиссариат С.О. ҳангоми порагирӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА бо далели шайъӣаз ҷониби кормандони шуъбаи умури дохилаи шаҳри Исфара боздошт шудааст. «Ин маблағро ӯ барои додани билети […]

Мавлуда Рофиева



Корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ҳангоми порагирӣ дастгир шуд.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки корманди 52-солаи комиссариат С.О. ҳангоми порагирӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА бо далели шайъӣаз ҷониби кормандони шуъбаи умури дохилаи шаҳри Исфара боздошт шудааст. «Ин маблағро ӯ барои додани билети ҳарбӣ аз як сокини маҳаллӣ талаб кардааст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, аз оғози соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 29 (ҳамин давраи соли 2014 – 18 далел) далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.