Маҷмӯи чорабиниҳо дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи мубориза бо мухаддирот

Ҳамасола бо фарорасии санаи 26 июн – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, бо ҷалби ҳамаи табақаҳои аҳолӣ маҷмӯи чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла  чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ-оммавӣ ва варзишӣ, “мизҳои мудаввар” барпо мекунад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар ҳамаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии […]

ASIA-Plus



Ҳамасола бо фарорасии санаи 26 июн – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, бо ҷалби ҳамаи табақаҳои аҳолӣ маҷмӯи чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла  чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ-оммавӣ ва варзишӣ, “мизҳои мудаввар” барпо мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар ҳамаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи Агентӣ бо дастгирии Ҳукумати маҳаллӣ аз 16 июн то 26 июни соли 2015 чорабиниҳо ва иқдомҳо бар зидди маводи нашъовар бо иштироки намояндагони аҳли ҳунар ва ҷомеа гузаронида мешаванд. Озмунҳо барои муайян намудани шеърҳо, сурудҳо, расмҳои кӯдакон, намоишномаҳои беҳтарин дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Имсол ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи Агентӣ бо дастгирии ҳукуматҳои маҳаллӣ чорабиниҳо оид ба мубориза бо маводи нашъаовар бо иштироки намояндагони аҳли ҳунар ва ҷомеа баргузор мегардад. Озмунҳо барои муайян намудани шеърҳо, сурудҳо, намоишномаҳои беҳтарин гузаронида мешаванд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин шаҳри Душанбе чорабиниҳои умумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ оид ба велосипедронӣ, шоҳмот, кикбоксинг, таэквондо, дзю-до, гӯштингирӣ, волейбол, футбол, тенниси рӯимизӣ баргузор мегарданд, ки дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, намояндагони идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ интирок хоҳанд кард. Дар Маркази кӯдакони пойтахт гузаронидани озмуни расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ дар назар аст.

Инчунин гузаронидани як қатор вохӯриҳо бо намояндагони маориф дар назар аст, ки дар он масъалаҳои тарбияи зиддимухаддиротӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар вилояти Суғд гузаронидани як силсила мусобиқаҳои варзишӣ дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ, намоишномаи театрӣ, озмуни расми беҳтарин дар назар аст. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд бо шиорҳои зиддимухаддиротӣ ороиш дода мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронидани як қатор чорабиниҳои варзишӣ-фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ВМКБ мусобиқаҳои варзишӣ оид ба гӯштингирӣ, муҳорибаи тан ба тан, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида мешаванд. Дар телевизони вилоятӣ “Бадахшон” барномаи телевизионӣ таҳия ва пахш мегардад.

Чорабиниҳои дар боло зикр гардида дар доираи амалӣ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” гузаронида мешаванд, ки он самтҳо ва вазифаҳои асосии сиёсати зиддимухаддиротии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.