Ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон

Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон иқдомотеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор мекунад. Тавре аз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир мегардад, ки дар он саргузашти воқеии қурбониёни шиканҷа инъикоси худро меёбад. Намоишгоҳи аксҳо […]

ASIA-Plus



Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон иқдомотеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор мекунад.

Тавре аз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир мегардад, ки дар он саргузашти воқеии қурбониёни шиканҷа инъикоси худро меёбад.

Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз монеаҳову интизориҳои зиёд, онҳо ба адолат бовар доранд ва саъй меварзанд, ки шахсони гунаҳкор ҷазои қонунӣ гиранд.

Ба ин чорабинӣ, ки дар арафаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа доир мешавад, созмонҳое низ пайвастанд, ки шомили Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мебошанд. Намоишгоҳ дар толори маркази тиҷоратии «Вефа» гузаронида мешавад.

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа соли 1997 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ таъсис дода шуд. Мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин дигар санадҳои байнулмилалие, ки Тоҷикистон пазируфтааст, шиканҷа дарду азоби ҷисмонӣ ё маънавие мебошад, ки намояндагони мақомоти давлатӣ нисбат ба шаҳрвандон барои ба даст овардани иқроршавӣ раво дидаанд.

Чорабинӣ имрӯз, 26-уми июн, соати 10:00 дар толори ҷаласоти маркази тиҷоратии «Вефа» оғоз мегардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.