Ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон



Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон иқдомотеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор мекунад.

Тавре аз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир мегардад, ки дар он саргузашти воқеии қурбониёни шиканҷа инъикоси худро меёбад.

Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз монеаҳову интизориҳои зиёд, онҳо ба адолат бовар доранд ва саъй меварзанд, ки шахсони гунаҳкор ҷазои қонунӣ гиранд.

Ба ин чорабинӣ, ки дар арафаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа доир мешавад, созмонҳое низ пайвастанд, ки шомили Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мебошанд. Намоишгоҳ дар толори маркази тиҷоратии «Вефа» гузаронида мешавад.

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа соли 1997 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ таъсис дода шуд. Мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин дигар санадҳои байнулмилалие, ки Тоҷикистон пазируфтааст, шиканҷа дарду азоби ҷисмонӣ ё маънавие мебошад, ки намояндагони мақомоти давлатӣ нисбат ба шаҳрвандон барои ба даст овардани иқроршавӣ раво дидаанд.

Чорабинӣ имрӯз, 26-уми июн, соати 10:00 дар толори ҷаласоти маркази тиҷоратии «Вефа» оғоз мегардад. 

spot_imgspot_img

Популярное