Устувории доллару поинравии қурби рублу евро

Тайи ҳафтаи равон қурби миёнаи рубли русӣ ва евро дар бозори пули Тоҷикистон каме поин рафт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро дар давоми чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ андаке паст шуда, мувофиқан 0,1158-0,1170 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,2060-7,2420 сомонӣ ба як евро баробар шуданд. […]

ASIA-Plus



Тайи ҳафтаи равон қурби миёнаи рубли русӣ ва евро дар бозори пули Тоҷикистон каме поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро дар давоми чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ андаке паст шуда, мувофиқан 0,1158-0,1170 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,2060-7,2420 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.

Мебояд гуфт, ҳафтаи гузашта қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро мувофиқан 0,1185-0,1200 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,2910-7,3250 сомонӣ ба як евроро ташкил дода буданд.  

Гуфта мешавад, ҳафтаи равон чун чанд ҳафтаи гузаштаи моҳи июн қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ муътадил боқӣ монда, дар ҳудуди то 6,5200-6,5400 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.