Дастури раиси пойтахт оид ба хотима гузоштан ба соҳибкории ғайриқонунӣ

Дар ҷаласаи махсуси мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинони худ Шакарбек Самадов, Шуҳрат Мақсудзода ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки сабаби аз фаъолият бозмондани як қатор корхонаҳои шаҳрро муайян намуда, барои барқарор кардани кори онҳо тадбирҳои муассир андешанд. Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи махсуси мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинони худ Шакарбек Самадов, Шуҳрат Мақсудзода ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки сабаби аз фаъолият бозмондани як қатор корхонаҳои шаҳрро муайян намуда, барои барқарор кардани кори онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев аз сохторҳои дахлдор тақозо намудааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони корҳонаҳои фаъолияташон қатъшуда ва ҳамчунин афроде, ки ба рухсатии маҷбурӣ бидуни пардохти маблағ фиристода шудаанд, чораҳои таъҷилӣ андешида шавад.

Раиси шаҳри Душанбе ба муовинонаш дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон то ахири соли равон лоиҳаи барномаи рушди саноати сабук дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2016-2017-ро омода созанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин ба сохторҳои марбута ҷиҳати омода кардани шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистон ва таъмини  аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, М.Убайдуллоев аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори шаҳр тақозо намудааст, ки фаъолияти ҳамаи фурӯшгоҳҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматгузории маиширо, ки худсарона сохта шудаву фаъолият мекунанд, қатъ созанд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ба масъалаи ошкор кардани афроде, ки ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ дар шаҳр машғуланд, низ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.